Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонҳо бе «Кум-кум» мемонанд?


Лимо Саҳар, барандаи барномаи фароғатии "Ситораҳои афғон"-и ТВ "Тулӯъ"
Лимо Саҳар, барандаи барномаи фароғатии "Ситораҳои афғон"-и ТВ "Тулӯъ"

Ҳукумати Афғонистон аз шабакаҳои мустақили телевизионии кишвар хостааст, ки то шоми сешанбе ба пахши бархе аз намоишу барномаҳои ба истилоҳ “ғайриисломӣ” ё “хилофи фарҳанги исломӣ” хотима гузоранд.

Ба феҳрасти ин гуна барномаҳо сериёлҳои ҳиндӣ низ шомиланд, ки миёни мардуми Афғонистон маҳбубияти зиёд доранд.
Абдулқодир Мирзоӣ, раиси бахши хабарии шабакаи телевизионии “Ориёно”, ба родиюи «Афғонистони озод» гуфт, ки тибқи дастури ҳукумат бояд шабака пахши сериёли маъруфи “Кум-кум”-ро қатъ кунад. Ӯ афзуд, ки ин сериёл рекломдиҳандагони зиёдеро ҷалб кардааст ва бо қатъи он “Ориёно” аз тамошобинони зиёд маҳрум мешавад ва ҳамчунин ба шабака зиёни бузурги молӣ ворид хоҳад шуд. Ӯ меафзояд, “Кум-кум”, ки қиссаи муҳаббати як оилаи ҷавон аст, барои фарҳанги афғонҳо бегона нест ва барои ахлоқи ҷавонон низ таъсири манфӣ нахоҳад дошт.
Вазорати иттилоъот ва фарҳанги Афғонистон аз дигар шабакаҳои телевизионӣ, аз ҷумла «Тулӯъ» ва «Нурин», ҳам хостааст, ки пахши ҳамин гуна сериёлҳоро қатъ кунанд. Абдукарими Хуррам, вазири иттилоъот ва фарҳанги Афғонистон, дар дифоъ аз мавқеъи вазорат изҳор дошт, ки “сериёлҳои хориҷӣ ба назм ва сиҳҳати равонии хонаводаи афғонҳо таҳдид мекунанд”.
Дар ҳамин ҳол шабакаҳои телевизионии Афғонистон мавриди интиқоди Кумитаи алайҳи маводди мухаддир ва фасоди ахлоқии порлумон низ қарор гирифтанд, ки бархе аз барномаҳои телевизиониро барои фарҳанги мардуми кишвар комилан бегона медонад. Ин кумитаи порлумон ахиран эълом дошт, ки барои ислоҳи вазъ чанд тағйирот ба қавонини феълиро барои баррасии маҷлис пешниҳод кардааст. Аз ҷумла, тибқи пешниҳодҳои Кумита бояд шаробхорагӣ, рақси якҷояи зану мард, дар пеши чашми дигарон ва пахши филму барномаҳои баҳсбарангез мамнӯъ эълон шавад.
Ирфонуллоҳи Ирфон, як узви кумитаи зидди маводди мухаддир ва фасоди ахлоқии порлумон мегӯяд, ҳадаф аз таҳияи ин пешниҳодҳо ҷилавгирӣ аз хушунату таҷовузи духтарон аст, ки гурӯҳҳои рақсӣ ба он мусоъидат мекунанд.
Ӯ меафзояд, ки кумита алаккай иддае аз пешниҳодҳои қаблӣ, аз ҷумла дар бораи манъи пероҳани варзишӣ, бозиҳои видеоӣ ва билярдро, лағв кардааст.
Нашри пешниҳодҳо дар матбуъот сокинони кишварро дар ду ҷабҳа қарор дод. Муҳофизакорон, тавре интизор мерафт, аз ин тағйирот ба қонун пуштибонӣ карданд. Ва аммо бештари афғонҳо мегӯянд, ки сериёлҳои телевизионӣ алҳол тақрибан ягона василаи истироҳат ва дилхушиянд ва қатъи онҳо рӯзгорро боз ҳам камрангтар хоҳад кард. Ба бовари онҳо, агар мақомоти кишвар бештар ба мушкилиҳои воқеъӣ, аз ҷумла издивоҷи барвақтии духтарон ва хушунат дар хонаводаҳо, таваҷҷуҳ мекарданд, беҳтар мебуд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи гузашта телевизиони “Тулӯъ” барои пахши рақси якҷояи занону мардон дар сабқати “Ситораи афғон” миёни овозхонҳои ҷавон мавриди накӯҳишу танқиди мақомоти кишвар қарор гирифта буд.
XS
SM
MD
LG