Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтиши ҳалокати наворбардори Рейтер шурӯъ шуд


Артиши Исроил сабабҳои ҳалокати наворбардори оҷонсии "Рейтерс" Фадел Шанаро тафтиш хоҳад кард. Шана ва ва панҷ сокини Фаластин рӯзи 16 апрел бар асари тирборони артиши Исроил кушта шуданд. Қаблан Созмони дидбони ҳуқуқи башар – Ҳуман Райтс Вотч эълом дошт, ки тибқи асноди дарёфтшуда, низомиёни исроилӣ дидаву дониста сӯи гурӯҳи наворбардорони "Рейтерс" оташ кушодаанд.
XS
SM
MD
LG