Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз тасмими Руссия нигарон аст


Кондолизза Райс-вазири хориҷаи Амрико мегуяд, кишвараш аз тасмими Руссия дар мавриди густариши ҳамкориҳо бо минтақаҳои ҷудоихоҳи Гурҷистон, яъне бо Осетиёи Ҷанубӣ ва Абхозистон сахт нигарон аст. Хонум Райс, ки мегуяд бо Сергей Лавров-вазири хориҷаи Руссия дар ин бора телефонӣ суҳбат кардааст, изҳор доштааст, ки Амрико ҳамчунон комилан ҷонибдори тамомияти арзии Гурҷистон боқӣ мемонад. Давлати Гурҷистон мегуяд, ин тасмими Маскав талошест барои пайвастани ин ду минтақа ба Руссия.
XS
SM
MD
LG