Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли узвияти Тоҷикистон дар Бонки Рушди Авруосиё


Мудирияти Бонки рушди Авруосиё, ки бо сармоягузории Русия ва Қазоқистон таъсис ёфтааст, аз аризаи Тоҷикистон барои узвият дар ин бонк истиқбол кардааст. Раҳбари фаъолиятҳои байнулмилалии бонк, Никита Толстиков мегӯяд, Тоҷикистон аввалин кишварест, ки барои чунин узвият дархост додааст. Вай гуфт, бонки имкон дорад дар барномаҳои бунёди иншооти энержии Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад. Аммо коршиносони маркази RBC (Russian Business Consulting)-и Русия гуфтаанд, сардии муносибатҳои миёни Тоҷикистон ва Русия ба тасмимгирии Бонки рушди Авруосиё дар мавриди Тоҷикистон таъсири муайян хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG