Иддае аз коршиносони масоъили сиёсӣ бар ин ақидаанд, ки президент Боқиев ба сафари Қазоқистон дергоҳ боз омодагӣ мегирифт. Коршиносони масоъили сиёсӣ мегӯянд, ки президент Боқиев ахиран масъалаи хусусигардонии осоишгоҳҳои соҳили баҳри Иссиқкӯли кишварашро ба миён гузоштааст.
Ин дар ҳолест, ки намояндагони опозисиюн ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар муқобили ин пешниҳоди раисҷумҳур вокунишҳои манфӣ нишон доданд, вале порлумони кишвар бо аксарияти ороъ масъалаи хусусигардонии ин осоишгоҳҳоро ба тасвиб расонд.
Гузашта аз ин, порлумон, ки бар асоси гуфтаи коршиносон, бар тибқи амри президент Боқиев фаъолият мекунад, созишнома дар бораи марзи давлатиро низ баъди баррасии кӯтоҳ ба тасвиб расонид, ки аз манфиатҳои мардуми Қирғизистон ҳимоят нахоҳад кард. Бояд тазаккур дод, ки ин санад моҳи январи соли равон дар шаҳри Остона ба имзо расидааст.
Турсун Турдимамбетов, раиси кумитаи амволи давлатии Қирғизистон, мегӯяд, аз ососишгоҳҳое, ки дар соҳили баҳри Иссиқкӯл дар ихтиёри Қазоқистон вогузошта хоҳанд шуд, 80 дарсади даромад ба буҷаи кишвараш ворид хоҳад шуд.Вай афзуд, ки тибқи ин созишнома дар зарфи ду сол бояд меҳмонсаройҳои ин минтақа ба меҳмонсаройҳои чаҳор ва панҷситорагӣ табдил дода шаванд.
Турсун Турбимамбетов мегӯяд, ки ин осоишгоҳҳо фақат барои чанд муддат ба дӯстони қазоқи онҳо дода хоҳанд шуд.
Аммо ба гуфтаи Омурбек Тикебоев, яке аз раҳбарони мухолифин, депутатҳои порлумон ва ҳукумати кишвараш ҳарос доранд, ки дар сурати саркашии онҳо аз дархости ҷониби Қазоқистон дар равобити ин кишвар бо Қирғизистон рахна ҳосил хоҳад шуд. Ба иддаъои оқои Тикебоев, мақомоти кишвараш бояд ҳамеша аз манфиатҳои мардум ҳимоят кунанд, ҳол онки мавқеъи ишғолкардаи порлумон ва ҳукумат фақат акси инро нишон медиҳад.
Вале собиқ вазири хориҷаи Қирғизистон Аликбек Ҷекшенқулов бар ин ақида аст, ки хусусигардонии осоишгоҳҳои соҳили баҳри Иссиқкӯл бояд фавран боздошта шавад. Ба бовари ӯ баъди «инқилоби лолаӣ» ҳукумати нав таъсис ёфт ва ин ҳукумат бояд аз созишномаҳое даст кашад, ки дар замони президенти собиқ Аскар Оқоев ба имзо расида буданд.Дар ҳоли ҳозир чунин ба назар мерасад, ки ҷиноҳи ҷавонони бархе аз аҳзобу ҷунбишҳои мухолиф низ аз хусусигардонии осоишгоҳҳо ва манобеъи обу барқ пуштибонӣ нахоҳанд кард.
Ҳафтаи гузашта як гурӯҳ ҷавонони қирғиз дар майдони марказии шаҳри Бишкек даст ба тазоҳурот заданд ва аз президент талаб карданд, ки аз интиқоли осоишгоҳҳо ба Қазоқистон ҷилагирӣ кунад.