Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши идомаи гуфтушунидҳои ҳастаӣ бо Эрон


Нишасти намояндагони шашгонаи байнулмилал -- панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал бо иловаи Олмон дар Шонгҳайи Чин, ки баҳси ҳастаии ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Эронро баррасӣ кард, бидуни натиҷаи муҳиме ба поён расид. Ёвари вазири умури хориҷии Чин, Ҳе Яфей дар бораи ин нишаст ба хабарнигорон гуфт: "Мо гуфта метавонем, ки дар масъалаи феҳрасти асосии тарҳи эҳёи гуфтушунидҳо ба созиш расидем. Аммо на ҳамаи мушкилот ҳал шуд. Мо ҳамчунин гуфтугӯ кардем, ки чигуна ба пеш ба самти оғози дигарбораи гуфтушунидҳо бо Эрон ҳаракат кунем. Акнун мо дар ин бора ба вазоратҳои умури хориҷии кишварҳои худ дар бораи ин сӯҳбатҳо гузориш медиҳад."
XS
SM
MD
LG