Пайвандҳои дастрасӣ

Владимир Путин – раиси ҳизби «Русияи воҳид»


В. Путин ҳангоми суханронӣ дар ҷаласа

Раисҷумҳури феълии Русия Владимир Путин, ки моҳи май аз мақоми худ хоҳад рафт, раиси ҳизби ҳокими "Русияи воҳид" интихоб гардид.

Ин воқиъа дар рӯзи дувуми иҷлосияи дарҷараёнбудаи «ҳизби ҳукумат» – «Русияи воҳид» ("Единая Россия") – рух дод, ки раисҷумҳури феълии Русия ҳамроҳ бо президенти тозаинтихоби ин кишвар дар ҷаласаи субҳгоҳии рӯзи сешанбеи он ширкат намуданд.
Мутазаккир мешавем, ки ҳизби «Русияи воҳид» ("Единая Россия") дар ҳоли ҳозир тақрибан 2 миллион узв дорад.
Дар суханронии худ Владимир Путин тасдиқ намуд, ки пешниҳоди баъди аз мақоми президентӣ рафтан сарвазир шуданро қабул кардааст.
Вакилони ҷаласа бо раъйдиҳии аланӣ Путинро якдилона раиси ҳизб интихоб намуданд. Дар навбати худ, раисҷумҳури феълии Русия эълом намуд, ки раҳбарии «Русияи воҳид»-ро баъди маросими қабули мақоми олӣ аз тарафи Дмитрий Медведев ба уҳда хоҳад гирифт.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар бораи узви ҳизби мазкур гардидани Владимир Путин дар ҷаласаи ҳизб чизе гуфта нашуд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG