Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далай Лама тарафдори таҳрим нест


Раҳбари рӯҳонии буддоиёни Тибет Далай Лама гуфт, ки тарафдори таҳрими бозиҳои байналмилалии олимпӣ дар шаҳри Пекин пойтахти ҷумҳурии Чин нест. Бинобар саркӯбии тазоҳургарон дар Тибет маҳфилҳое ба таҳрими бозиҳои олимпӣ даъват кардаанд. Ҳангоми сафараш дар Амрико ва зимни мусоҳиба бо як телевизиони амрикоӣ Далай Лама вазъи ҳуқуқи инсон дар Чинро "бад" тавсиф кард, вале гуфт, таҳрими маросими ифтитоҳи бозиҳои олимпӣ ин кори шахсии худи раҳбарони кишварҳои ҷаҳон аст.

XS
SM
MD
LG