Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Бан Ки-мун бо Путин


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки-мун имрӯз бо як сафари серӯза вориди шаҳри Маскав шуд ва бо раҳбарони Русия дидору гуфтӯгу кард.

Бан имрӯз бо раиси ҷумҳур Владимир Путин, Дмитрий Медведев - раиси ҷумҳури тозаинтихоби Русия мулоқот анҷом дод ва қарор аст, фардо рӯзи панҷшанбе, бо Сергей Лавров – вазири умури хориҷа ва сипас бо усқуфи Русия Алексийи дуввум дидору гуфтӯгу кунад.

Пас аз интихоб шуданаш ба мақоми дабири кулли Созмони Милал дар моҳи январи соли 2007 Бан ба Амрикову, Фаронса ва Бритониё сафар кардааст, вале то кунун дар Русия ва Чин набуд.

XS
SM
MD
LG