Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори 12 роҳсози афғон дар вилояти Зобул


Ҳукумати Афғонистон мегӯяд, дар ҷануби ин кишвар ҷангҷӯён 17 роҳсози афғонро ба қатл расонданд.
Сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон Земарай Башарӣ иброз дошт, ки имрӯз дар вилояти Зобул ҷангҷӯён болои гурӯҳи роҳсозон ҳамла карданд, ки дар натиҷаи он бар иловаи 17 кушта, 16 коргари дигар ҷароҳат бардоштанд. Башарӣ афзуд, ки дар ҷавоб нерӯҳои амниятӣ 7 ҷангҷӯйро кушта ва 12 нафари дигарро маҷрӯҳ карданд.
XS
SM
MD
LG