Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон аз Буш хост ба Пекин сафар накунад


Хонум Ҳилларӣ Клинтон, яке аз муддаъиёни номзадӣ дар интихоботи президентии Амрико аз президент Буш даъват кард, олипиадаи Пекинро таҳрим кунад ва дар расми бози он ширкат наварзад. Вай изҳори боварӣ кард, ки Буш тасмими худро бозингарӣ хоҳад кард. Изҳороти ӯ дар ҳоле садо медиҳад, ки машъали олимпӣ ба меҳвари кашокашу хусумат табдил ёфтааст. Дар Лондон, хостанд онро аз дасти варзишгарон бирабоянд, дар Порис ду дафъа ин оташро хомӯш карданд ва акнун дар Сан Франсиско эътирозгарон ба симресмонҳои пули машҳури тилоӣ боло шуданд, то он ҷо шиори озодии Тибетро бичаспонанд.
XS
SM
MD
LG