Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Буш аз Загреб


Президенти ИМА Ҷорҷ Буш Хорватия ва Албанияро бо дастрасӣ намудани даъватномаи таърихӣ барои узвият дар паймони НАТО табрик намуда, илова кард, ки Вашингтон ва паймон кумаки худро ба ду кишвар ёдшуда дареғ нахоҳанд дошт.

Аснои суханронӣ дар маркази шаҳри Загреб, пойтахти Хорватия Ҷорҷ Буш изҳори умед кард, ки рӯзе Македония ҳамроҳ бо Боснияву Ҳерсеговина, Черногория ва ҳатто Сербия ба узвияти НАТО пазируфта хоҳанд шуд.

Ҳангоми суханронӣ дар майдони Марки муқаддаси пойтахти Хорватия - шаҳри Загреб президенти ИМА Ҷорҷ Буш Хорватияву Албанияро даъват кард, ки ислоҳотро суръат бахшанд.

"Даъватнома барои вуруд ба НАТО, ки ҳафтаи равон Хорватияву Албания дастрас намудаанд, раъйи эътимод аст. Агар шумо татбиқи ислоҳоти заруриро идома дода, саҳмгузори нерӯманди паймони бузургамон бошед, дар ҳоли таҳдид ба мардуми Шумо Амрико ва паймони НАТО дар як саф бо Шумо истода, имкон намедиҳанд, ки касе шуморо аз озодӣ маҳрум кунад."

Дар ҷавоб сарвазири Хорватия Иво Санадер ИМА-ро ба хотири пуштибонӣ аз Хорватия қадрдонӣ намуд.

Президент Буш бо таассуф ёдрас кард, ки ихтилофи Македонияву Юнон рӯи номи Македония боис гашт, ки ин кишвар аз даъватнома ба НАТО маҳрум гардад. Раисҷумҳури ИМА ваъда додааст, ки ба ҳамин зудиҳо аз Македония зиёрат мекунад. Дар идомаи паём ба издиҳоми мардумӣ дар майдони марказии Загреб раисҷумҳури ИМА гуфт:

"Дарҳои паймони НАТО ба рӯи тамоми кишварҳои минтақа боз мебошанд. Мо қарори Боснияву Ҳерсеговина ва Черногорияро хуш пазироӣ намуда, даъват мекунем, ки ду кишвар иқдомҳои баъдӣ барои узвият: маъруф бо номи "муколамаи шиддатнок"-ро пеш гирад. Ва ҳамчунон мо умед дорем, ки ба ҳамин зудиҳо Сербияи озоду комёб ҷои муносиб дар оилаи аврупоиро пайдо намуда, дар сулҳу осоиш бо ҳамсояҳо ба сар мебарад."

Дар идомаи суханронӣ Ҷорҷ Буш иброз дошт, ки Амрико кумаки Хорватия, Албания ва Македония дар мубориза бо экстремизмро доимо дар ёд дорад. Вай ваъда дод, ки маъмурияти ИМА имкони сабук намудани тақдими раводидҳои сафарӣ ба ашҳрвандони Хорватияро баррасӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG