Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабс шудани сарвазири собиқи Туркия


Сарвазири собиқи Туркия, Наҷмиддин Арбакон бо иттиҳоми хилофкорӣ дар робита ба сармояҳои ҳизбаш ба ҳабси хонагӣ маҳкум гардид. Додгоҳи бознигарӣ низ ҳукми 11 моҳ ҳабси хонагии Арбаконро тасдиқ кард. Ҳукми нахустини ӯ дар соли 2002 баромада буд, аммо иҷрои он бо сабаб бемории Арбакон ба таъвиқ меафтод. Вай раҳбари ҳизби исломгарои Рифоҳи Туркия буд, ки ҳизби имрӯзаи Адолат ва Тараққӣ дар заминаи он таъсис ёфтааст. То истеъфояш таҳти фишори низомиён дар соли соли 1997 Арбакон ду сол сарвазири Туркия буд.
XS
SM
MD
LG