Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Бобоҷон Бобохонов дар робита ба қатли Шурпаев


Додситони кулли Тоҷикистон, Бобоҷон Бобохонов гуфт, таҳқиқи парвандаи қотилони журналисти Русия, Илёс Шурпаев ба зиммаи Додситонии кулли кишвар гузошта шуд ва қарор аст, дар даҳ рӯзи оянда иттиҳоми расмии боздоштшудагон эълон гардад. Дар робита ба эҳтимоли истирдоди айбдоршавандагон ба Русия, Бобохонов гуфт, ин масъала ба таври ҷудогона дар миёни додситониҳои Тоҷикистон ва Русия ҳал хоҳад шуд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон се шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми қатли Шурпаев бо мақсади ғорати амвол ба ҳабс гирифтааст. Шурпаев рӯзи 21 -уми март дар манзили кирояаш дар Маскав кушта шуд. Гумонбари асосии қатл, Масрурҷон Ятимов мегӯяд, бо мақтул равобити ҷинсӣ дошт ва ба хотири сармоя ӯро ба қатл расонд. Аммо ҳамкорони Шурпаев ин эъломияҳоро баҳонаи қатъи таҳқиқи ангезаҳои ҳодиса мешуморанд.
XS
SM
MD
LG