Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Такмили музокироти Амрико ва Ҷумҳурии Чех


Амрико ва Ҷумҳурии Чех музокирот доир ба истиқрори сипари дифоъиро такмил кардаанд. Ин ду кишвар бо нашри як баёнияе дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви НАТО гуфтанд, ки ба зудӣ созишнома дар мавриди истиқрори радарҳои Иёлоти Муттаҳида дар ҷумҳурии Чехро имзо хоҳанд кард, ки ин радарҳо барои нишонгирии мушакҳо пешбинӣ мешаванд. Дар созишнома омадааст, ки “радарҳо дар Чехия ба таъсисоти дигари зиддимушакии Амрико дар Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида васл хоҳад буд”.

XS
SM
MD
LG