Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари мардуми Тоҷикистон ба Амрико


Яке аз бузургтарин ва бонуфузтарин маркази пажуҳиши “Галлуп” дар 139 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон назарсанҷиеро анҷом додааст, ки муаллифонаш бовар доранд, ҳукумати ояндаи ИМА натиҷаҳои онро ҳамчун дастуре ҷиҳати беҳбуди робита бо он кишварҳо метавонад мавриди истифода қарор диҳад.


Ҳадафи пурсиш муайян кардани сатҳи қаноъатмандии аҳолии кишварҳои мухталифи сайёра аз фаъолияти ҳукумати ИМА будааст.

Баровардҳои назархоҳии Галлуп ҳокӣ аз он аст, ки дар саросари ҷаҳон ба шакли умум сатҳи маҳбубияти Амрико хеле паст аст ва ҳамаги 32 дар садро ташкил медиҳад. ИМ-ро ба вижа дар Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва баъзе манотиқи Аврупо дуст намедоранд. Шояд барои амрикоиҳо тааҷҷубовар бошад, ки дар кишварҳои Африқои марказӣ наздик ба Саҳрои Кабир сатҳи маҳбубияти кишварашон дар муқоиса ба баъзе ҳампаймонони аврупои дусташон баландтар мебошад.

Ҳамин тавр, ғайриинтизорӣ сатҳи ризоияти аҳолии Испания, Белгия, Олмон, Фаронса ва Кипр аз фаъолияти раҳбарияти ИМ бениҳоят паст буда, ҳатто ба 10 дар сад намерасад. Ин дар ҳолест, ки дар Ховари Миёна чунин нишондодҳо фақат дар ду кишвар Аморатҳои Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ қайд шудааст.

Назарсанҷиҳои тозаанҷомшудаи дигар нишон медиҳанд, аҳолии ин кишварҳои аврупоӣ умед доранд, ки бо ивазшудани раисҷумҳури ИМ робитаҳоро бо Амрико мешавад тавсеъа бахшид.

Мутахассисони Галлуп мегуянд, ба сатҳи маҳбубияти ҳукумати ИМ дар Ховари Миёна ҷанг дар Ироқ, ҷанг бар зидди терроризм, низоъи фаластиниҳо бо Исроил ва афзоиши танишҳо бо Эрон таъсири манфӣ расондааст ва дипломатҳои ҳукумати нав инро бояд ба инобат бигиранд.

Бино бар натиҷаҳои назарсанҷӣ, аз ҳама бештар ҳукумати Амрикоро исроилиҳо дуст медоранд.

Бори нахустин шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар чунин пажӯҳиши саросарии ширакти Галлуп саҳм гирифта буданд. Маълум мешавад, ки 26 дар сади тоҷикистониҳо фаъолияти мақомоти Вошингтонро қобили қабул меҳисобанд ва ин дар ҳолест, ки дар Эрон, ки аз мухолифини умдаи ИМ маҳсуб мешавад, ин нишондод 22 дар садро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG