Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интизороти Маскав аз дидори Путин бо Буш


Маскав интизор дорад, ки руъасои ҷумҳуриҳои Русияву Амрико Владимир Путин ва Ҷорҷ Буш рӯзи якшанбе дар Сочи санадеро қабул хоҳанд кард, ки “заминаи стротежӣ” барои ҳамкориҳои ин ду кишварро фароҳам хоҳад сохт. Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков гуфт, ин санад куллия масоили равобити дуҷонибаи Русияву Амрико фаро хоҳад гирифт.

Равобити Маскаву Вошингтон ба далели танишҳои бархоста бар сари масоиле, чун барномаи истиқрори сипарҳои зиддимушакии Амрико дар Лаҳистону Чехия ва қасди паймони НАТО ҷиҳати роҳандозии ҳамкории наздиктар бо Украинаву Гурҷистон хадшадор шудааст.

XS
SM
MD
LG