Идораи омори Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, дар моҳи март мизони инфлятсия ва ё таварруми 15 кишвари минтақаи пули умумӣ: евро рекорди нав гузошт, яъне ба 3,5 % барробар шуд. Дар моҳи феврал ҳам мизони таварруми минтақаи евро ба 3,3% мусовӣ буд, ки назар ба пешбинии Бонки Аврупоӣ хеле баландтар аст. Бонки Аврупоӣ тахмин мекард, ки дар ин давра мизони таваррум ба 2% баробар хоҳад буд. Аз замони ҷорӣ шудани евро дар соли 1999 ин баландтарин мизони таваррум дар минтақа аст.