Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости манъи ҳизби ҳокими Туркия баҳс мешавад


Имрӯз Додгоҳи конститутсионии Туркия дархости манъи фаъолияти ҳизби ҳокими ин кишварро муҳокима хоҳад кард. Додситонии Туркия ҳизби исломгарои Адолат ва рушдро бо кӯшиши халалдор намудани сохти дунявии давлатдорӣ муттаҳам мекунад.
Идораи додситонииТуркия даъват кардааст, ки 71 мансабдори баландпоя ва аз ҷумла сарвазиру президенти ин кишвар ба муддати 5 сол аз ширкат дар умури сиёсӣ маҳрум шаванд. Ҳизби ҳоким айбномаро рад карда, афзудааст, ки ин иқдом зарба ба демократия мебошад. Аризаи додситонӣ хавфи нооромӣ дар Туркияро афзоиш додааст. Тахмин мешавад, ки қарори додгоҳи имрӯз эълон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG