Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон ба паймони амниятӣ бармегардад


Порлмони Узбакистон қонун дар бораи узвияти ин кишвар дар созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро ба тасвиб расонд. Узбакистон соли 1998 аз ин паймон хориҷ шуд, вале соли 2006 тасмим гирифт, ки дубора ба он баргардад. Дар ин паймон Руссияву Арманистон, Белорусу Қазоқистон ва Қирғизистону Тоҷикистон узвият доранд. Баъд аз тасвиби қонун дар порламон, акнун Ислом Каримов-раиси ҷумҳур дар ин санад имзо мегузорад, то он эътибор пайдо кунад.
XS
SM
MD
LG