Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон ва артиши Афғонистонро фиреб карданд


Вазорати дифоъи Амрико иҷрои қарордодҳояш бо як ширкати силоҳфурӯширо мутаваққиф кардааст, ки он ширкат то кунун нерӯҳои амниятии Афғонистонро бо силоҳу муҳимоти ҷангии қадимаву кӯҳнашудаи шӯравӣ ва сохти Чин таъмин мекардааст. Ширкати хусусии AEY Inc, ки дар иёлати Флорида сабти ном шудааст, дар ивази миллионҳо доллар барои сарбозони Афғонистон силоҳҳои 40 соли пеш ва корношоямро фиристодааст.

Баъди ошкор шудани ин ҳодиса тавассути рӯзномаи Ню Йорк Таймс ширкати хусусии силоҳфурӯшии Эй И Вай, ки аз таъминкунандагони асосии Артиши миллии Афғонистон будааст, таҳти тафтиши мӯшикофона қарор дорад. Дар ивази садҳо миллион доллари вазорати дифоъи Амрико, ин ширкат бояд нерӯҳои Афғонистонро, ки мӯҳтоҷи силоҳ ҳастанд, бо муҳиммоти ҷангӣ таъмин мекардааст. “Нйю Йорк Таймс” дар гузориши таҳқиқотие навиштааст, ки ширкати мазкур баъзе аз силоҳҳои қадимии 40-солаи истеҳсоли Чинро аз анборҳои қадимаи кишварҳои сотсиалистии собиқ, аз ҷумла Албания гирифта барои Артиши Афғонистон фиристодааст.”Ню Йорк Таймс” мегӯяд, масъалаи таъмини силоҳҳои корношоям дар посгоҳи низомии Навои Афғонистон дар марзи Покистон рӯ задааст. Рӯзнома аз қавли Амонуддин, як афсари афғон менависад, силоҳҳое, ки Амрико барои сарбозони ӯ фиристодааст, тавлиди соли 1966 ва корношоям мебошанд.Ба гуфтаи “Ню Йорк Таймс”, баъзе аз муҳиммоти ҷангие, ки ширкати хусусии Эй И Вай ба Афғонистон фиристодааст, барои корношоям будашашон бояд маҳв мешуданд ва вазорати хориҷаи Амрико ва Паймони НАТО барои маҳви онҳо пул ҳам дода будаанд. Ҳамчунин, мудири 22-солаи ширкат, Эфраим Диверолиро ба он муттаҳам мекунанд, ки ширкаташ бо роҳи ришвадиҳӣ бештар аз сад миллион дона тирҳои кӯҳнаро аз Албания харидааст. Охирин қарордод бо арзиши 300 миллион долларро ширкати Эй И Вай моҳи январ бо вазорати дифоъи Амрико имзо кардааст.Рӯзномаи Ню Йорк Таймс мегӯяд, ки вазорати дифоъи Амрико баъди дархостҳои пай дар пайи рӯзнома дар бораи фаъолияти ширкат, бастани қарордод бо Эй Ви Айро мутавақиф кардааст. Фаъолияти ин ширкат ҳоло аз тарафи вазорати дифоъи Амрико ва мақомоти гумрук таҳқиқ мешудааст. Аммо Эфраим Диверолӣ гуфтааст, ки ширкати бар асоси қонун фаъолият дорад ва қонуншикание ҳам накардааст. Йиржӣ Коминек хабарнигори маҷаллаи Ҷейнс Дефенс Виклӣ, ки доир ба хариду фурӯши силоҳ дар кишварҳои шӯравии собиқ менависад, ба Радиои Озодӣ гуфт, фурӯши силоҳҳои қадима дар ин кишварҳо кори ғайримаъмулӣ нест. Ба қавли вай, кишварҳои коммунистии собиқи Аврупо анборҳои азими силоҳҳои кӯҳнаву қадимӣ доранд ва чун маҳви онҳо пули зиёд мехоҳад, ин кишварҳо силоҳҳои қадимаро ба ширкатҳое мефурушанд, ки онҳо Афғонистону Ироқ ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубу Шарқи Осиёро бо силоҳ таъмин мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукуматҳо бояд назорат баранд, то ки ширкатҳои ҳамкор дилсофона вазифаи худро иҷро кунанд. Вай мегӯяд, таъмини артиш бо силоҳҳои корношояму кӯҳна ҷони сарбозон, аз ҷумла сарбозони Афғонро зери хатар мегузорад.
XS
SM
MD
LG