Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сирояти даргириҳои Басра ба Бағдод


Дар бархӯрдҳои ахири миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва тундгароён дар шаҳри Басраи Ироқ 40 кас куштаву беш аз 200 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол дар Бағдод, пойтахти Ироқ, низ нерӯҳои ИМА ва Ироқ бар зидди пайравони мусаллаҳи Муқтадо Садр қиём кардаанд.Дар ин ҷо 15 нафар кушта ва 100 нафар захмӣ шудаанд.
Рӯзи чоршанбе бо ҳадафи ихроҷ намудани артиши Маҳдӣ аз шаҳри Басра нерӯҳои ҳукуматӣ бар зидди пайравони рӯҳонии тундгарои шиамазҳаб Муқтадо ас-Садр амалиётро тавсиъа бахшиданд. Сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ шахсан ин амалиётро раҳбарӣ намуда, барои қатъи муқовимат ва берун шудан аз шаҳр ба силоҳбадастон 72 соат вақт додааст.
Шореҳони ироқӣ мегӯянд, артиши Маҳдӣ хуб тамрин дидааст ва агар нерӯҳои ироқӣ силоҳбадастони ин артишро аз Басра берун накунанд, эътибори Моликӣ ва ҳукумати оштии миллӣ дар байни мардум поин хоҳад рафт.
Дар ҷавоб ба амалиёт дар Басра Садр маъракаи «сарпечии дастаҷамъии маданӣ»-ро эълон кард. Ливо Смайшим, раиси Кумитаи сиёсии пайравони Садр, дар суҳбат бо радиои Ироқ Озод дар ин бора чунин гуфт: "Ин иқдоми конститутсионӣ ва демократӣ мебошад. Саркашии маданӣ дар сарқонун эътироф шудааст. Алҳамду лиллоҳ, саркашӣ довталабона аст. Тамоми минтақа каноъатманд нест. Ин ҷунбиш довталабона арзи вуҷуд кард. Шайхҳои маҳаллӣ ба идораи Садр омада аз саркашии маданӣ хабар доданд. Ин саркашии маданӣ мебошад, на ошӯби мусаллаҳона".
Дар ҳамин ҳол, ИМА аз амалиёти ҳукумати Ироқ пуштибонӣ мекунад.
Ба қавли шореҳон, Басра барои иқтисоди Ироқ аҳамияти бузург дорад. Дар ин шаҳри ҷанубӣ бандари калонтарин ва конҳои нафт ҷойгир мебошанд. Нооромӣ дар Басра ба содироти Ироқ халали зиёд мерасонад. 90%-и содироти Ироқ аз бандари Басра ба роҳ мебарояд.
Гузоришҳо ҳамчунин гувоҳ аз онанд, ки дар Басра силоҳбадастон бо ҳадафи ҷорӣ намудани афкори сиёсиву динӣ донишгоҳҳо ва шифохонаҳои Басраро ишғол намудаанд ва, гузашта аз ин, занонро барои пӯшидани либоси мухолиф ба ислом таҳдид кардаву ҳатто ба қатл расондаанд.
Баъзеҳо сабаби ҳамла ба Басраро бо нуфузи Садр иртибот медиҳанд. Онҳо мегӯянд, сарвазир Моликӣ узви ҳизби Шӯрои олии исломии Ироқ аст ва мехоҳад дар арафаи интихоботи тирамоҳӣ назорати шаҳрро ба ихтиёри ҳамҳизбонаш супорад.
XS
SM
MD
LG