Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайрави марҳум Бҳутто сарвазир шуд


Рӯзи 24 март, порлумони Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ, номзад аз Ҳизби Мардумиро сарвазири кишвар интихоб кард.

Аз номзадии сарвазири нави Покистон 264 вакили порлумони дорои 342 ҷой пуштибонӣ кардаанд. Рақиби ӯ Чоудрӣ Парвиз Илоҳӣ - номзад аз Лигаи мусалмонҳои пуштибон аз раисҷумҳур Парвиз Мушарраф ҳамагӣ 42 раӣъ дарёфт кард. Номзадии Гелонӣ ба маснади сарвазири кишвар ду рӯз пеш аз сӯи Ҳизби мардумии Покистон пешбарӣ шуда буд.

Хабаргузориҳо менависанд, вақте, ки сарвазири нав ба минбар наздик мешуд, вакилон аз ҳизби Мардумии Покистон нидоҳои “Зинда бод Бҳутто!” дармедоданд ва дар сафи аввал Биловал Бҳутто Зардорӣ, писари раиси пешини ин ҳизб хонум Беназир Бҳутто менишаст ва кафкӯбӣ мекард. Бори аввал дар 12 соли ахир ба Ҳизби мардумии Покистон муяссар шудааст, ки бо дарёфти бештари курсиҳо дар порлумон ва дар ҳамбастагӣ бо Ҳизби сарвазири пешини кишвар Навоз Шариф ҳукумати нави Покистонро ташкил кунад.

Хабаргузориҳо менависанд, ки раисҷумҳур Парвиз Мушарраф, ки соли 1999 бар асари як кудатои низомӣ қудрат дар Покистонро соҳиб шуда буд, бояд рӯзи сешанбе, 25 март савганди сарвазири навро қабул кунад.

Юсуф Ризо Гелонӣ аз хонаводаҳои бонуфузи шиамазҳабҳои Покистон аст ва гуфта мешавад, ки гузаштагонаш қарнҳои қаблӣ аз Эрон ба Покистон ҳиҷрат кардаанд. Сарвазири навро яке аз содиқтарин ҳампаймонҳои хонаводаи Бҳутто мехонанд, ҳарчанд ӯ замони қудрати раҳбари мустабиди Покистон Зиёулҳақ бори аввал дар роҳи сиёсат гом ниҳода буд, замони қудрати Зиёулҳақе, ки барои эҳдоми сарвазир Зулфиқор Алӣ Бҳутто – падари Беназир Бҳутто ҳукм содир карда буд. Тақрибан даҳ сол баъд аз ин ҳодиса Гелонӣ аз Беназир Бҳутто хост, ки ӯро ба сафи Ҳизби мардумӣ қабул кунад ва дар посух ба суоли хонум Беназир дар бораи сабабҳои узвияташ ба ҳизби заъифгашта Юсуф Ризо Гелонӣ гуфт, ки аз миёни шараф, хирад ва сарват ӯ аввалӣ, яъне шарафро интихоб мекунад.

Солҳои 90-уми қарни гузашта Гелонӣ ду бор дар маснади вазирӣ пазируфта шуда буд ва аз соли 1993 то соли 1997 раиси порлумони Покистон буд. Баъди сари қудрат омадани Парвиз Мушарраф ӯро дар фасод айбдор карданд – гуфта мешуд, ки Гелонӣ ҳудуди 600 нафар аз ҳавзаи интихоботии худро дар мақомҳои гуногуни давлатӣ ҷой кардааст. Ҳарчанд ин иттиҳом баъдан лағв шуд, Гелонӣ беш аз панҷ солро дар чаҳордевори маҳбас сипарӣ кард.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, сарвазири нави Покистон гуфтааст, ки тавассути музокирот бо гурӯҳҳои гуногуни мусаллаҳ ба терроризм дар кишвар хотима хоҳад гузошт ва рӯзи 16 апрел ҳама додрасҳои аз сӯи раисҷумҳур Мушарраф барканоршударо дар маснадҳои пешинаашон барқарор мекунад. Коршиносон мегӯянд, ки ин зарбаи ҷонкоҳе хоҳад шуд ба қудрати феълии раиси ҷумҳур Парвиз Мушарраф. Ҳизби мардумии Покистон ва ҳизби сарвазири пешин Навоз Шариф эълом доштанд, ки барои импичменти раисиҷумҳур талош хоҳанд кард.

Ахиран Ҳизби мардумии Покистон ҳамчунин эълом дошт, ки Юсуф Ризо Гелонӣ дар маснади сарвазир то охири мӯҳлати ваколаташ боқӣ хоҳад монд. Қаблан сару садоҳое пахш шуда буданд, ки сарвазири нав ин курсиро муваққатан ишғол хоҳад кард ва ҳамзамон Осаф Алӣ Зардорӣ, раиси Ҳизби мардумӣ, ки иттиҳом алайҳи ӯ дар фасод ҳанӯз комилан лағв нашудааст, барои пайдо кардани ҳаққи даёфти мақоми сарвазир талош хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG