Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як моҳ алайҳи сил


Ягона марказ ва табобатгоҳи хоси бемории сил дар Суғд дур аз чашми одамон, дар мавзеъи хушобуҳавои Деҳмой, канори Хуҷанд воқеъ аст. Дар он ҷо ҳудуди як ҳазор мубталои ин беморӣ табобат мегиранд.

Дар рӯзи 24 март – рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи бемории сил дар майдони марказии шаҳри Хуҷанд масъулини идораи тандурустӣ ва маркази пешгирии бемории сил бо баргузории як аксия таваҷҷуҳи сокинонро ба чораҳои эҳтиёт ва пешгирии ин беморӣ ҷалб карданд. Гурӯҳе аз мактабиёни синфҳои поёнии Хуҷанд ба кашидани расм дар рӯи асфалт дар мавзӯи «Ман метавонам бемории силро боздорам!» машғул буданд.

Мо дар назди онҳо будем ва дидем, ки бисёри расмҳои онҳо ба ҳам монанд буд,офтоби дурахшон болои сар ва бачаҳои шоду сиҳати даст ба даст. Мактабиёни хурдсол дар суҳбат бо радиои Озодӣ дар шарҳи мазмуни расмҳояшон гуфтанд, ки аз бемории сил бохабаранд ва ҳеҷ намехоҳанд ҳеҷ кас мубталои он гардад.

Мирзомаҳмуд Ҳошимов, сардори Маркази вилоятии пешгирии бемории сил дар Суғд гуфт, ки тайи солҳои ахир ошкор сохтани гирифторони бемории сил беҳтар шудааст, дар ҳоле ки дар панҷ – шаш соли пеш беморон маъмулан дар ҳолатҳои вазнин ба бемористон муроҷиат мекарданд.

Ба гуфтаи М. Ҳошимов, дар ҳоли кунунӣ аз ҳар сад ҳазор ҳудуди 50 нафар сокини Сугд гирифтори сил мебошанд. Вай афзуд, ки моҳи март дар Суғд «моҳи мубориза алайҳи сил» эълон гардида, дар мактабу муассисаҳо барномаҳои огоҳонидани аҳолӣ аз хатари ин беморӣ ба роҳ монда шудааст, дар маҳаллаҳои Хуҷанд дӯкони сайёр дар ҳаракат аст ва ба ҳамагон ройгон варақаву маводи дигари иттилоъотӣ тақсим мекунад.

Идораи тандурустӣ ва маркази алайҳи бемории сил дар Суғд роҳандозии ин гуна чорабиниҳоро дар пешгирии ин беморӣ муассир мехонанд, аммо иддае аз табибони мутахассиси сил ва соҳибназарон бар онанд, то вақте ки вазъи иҷтимоии одамон беҳбуд бахшида нашавад ва аз қайди нодориву камбуди ғизо ва вартаи бекориву ноумедӣ берун оварда нашванд, сил ҳамчунин дар камини саломати ҳамагон хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG