Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти аъзои гурӯҳи пинҳонкори Туркия


Раҳбари як ҳизби сиёсии хурди Туркияро бо иттиҳоми иртибот ба як гурӯҳи пинҳонкоре, ки гӯё мехостааст, ҳукуматро сарнагун кунад, боздошт кардаанд.

Додгоҳи Туркия Догу Пиринчек - раҳбари Ҳизби Коргарон, як ҳизби ифротии миллатгарои Туркияро ба “раҳбарии як созмони террористӣ” ва “ҳифзи сирри давлатӣ” муттаҳам кардааст. Хабаргузории Анатолии Туркия мегӯяд, ҳамроҳ бо ин сиёсатмадмадор ба се хабарнигор низ айб эълон шудааст, ки онҳо дар нашрия ва телевизиони вобаста ба Ҳизби Коргарон фаъолият мекардаанд.

Тамоми ин афрод дар миёни 12 нафаре будаанд, ки рӯзи ҷумъа дар як амалиёти ногаҳонии маъмурони амниятӣ ба зидди гурӯҳи миллатгарои Туркия мавсум ба "Эргенекун" боздошт шуданд. Бино ба гуфтаи мақомот, ин гурӯҳ қасд доштааст, бо ноором кардани авзоъи сиёсӣ ва сӯиқасдҳо ҳукумати Туркияро беобрӯ ва дар ниҳоят сарнагун кунад.

Маъмурони амниятӣ аз ҷумла хабарнигори собиқадори турк, Илҳон Салчуқ ва Камол Олимдароғлу – ректори собиқи Донишгоҳи Истанбулро низ боздошт карданд. Бо ишора ба боздошти он хабарнигор баъзе аз ҳалқаҳои сиёсии Туркия иддаъо карданд, ки ҳукумат мехоҳад, то танқидгарони худро хомӯш кунад. Баъд аз ин Илҳон Салчуқ ҳамроҳ бо панҷ нафари дигарро рӯзи якшанбе озод карданд ва Камол Олимдароғлу низ рӯзи душанбе, 24 март аз боздоштгоҳ раҳо шуд. Аммо ин ҳарду нафар ҳаққи берун рафтан аз Туркияро надоранд.

Таҳқиқи фаъолияти гурӯҳи Эргенекун дар моҳи июн пас аз пайдо кардани маводи тарканда дар як хона дар шаҳри Истанбул оғоз шуд. Додситонҳои Туркия дар робита ба қазияи гурӯҳи Эргенекун ба 39 нафар аз ҷумла ба сарбозони собиқ, хабарнигорону ҳуқуқдонон ва чеҳраҳои гурӯҳҳои пинҳонкор дар Туркия айб эълон карданд. Рӯзномаҳои Туркия навиштаанд, ки мақомоти пулис дар ҳоли тафтиши он иддаъо ҳастанд, ки афроди дастгиршуда қасд доштанд, то бо анҷоми иқдомоти хушунатомези сиёсӣ ҳизби ҳокими Адолат ва Тавсиа дар Туркия беобрӯ кунанд.

Аз ҷумла маъмурони пулис таҳқиқ мекунанд, ки то куҷо афроди мазкур дар қатли хабарнигори арманитабори Туркия Ҳрант Динк, рӯҳонии католик, Андреа Саторро ва як додраси турк даст доранд. Бар асоси гузоришҳои матбуоти Туркия, гуё ин афрод ҳамчунин мехостаанд, Орҳан Памук - адиби барандаи ҷоизаи Нобел аз Туркия ва чандин тан аз сиёсатмадорони Курдро бикушанд.
XS
SM
MD
LG