Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Завоҳирӣ ба интиқом аз Исроил ва Ғарб даъват кард


Раҳбари дуввуми шабакаи Ал-Қоида Аймон Завоҳирӣ ба хотири интиқоми амалиёти Исроил дар сарзаминҳои фаластинии навори Ғаза ба ҳамлаҳо алайҳи Исроил ва Ғарб даъват кардааст. Навори садоӣ бо чунин даъват дар шабакаи ҷаҳонии Интернет нашр шудааст.

Завоҳирӣ аз мусалмонон даъват мекунад, аз фаластиниҳои навори Ғаза дар муқобили ҳамлаҳои ҳавоии Исроил пуштибонӣ кунанд. Аммо ба гуфтаи раҳбари Ал-Қоида, тазоҳурот танҳо барои фурӯ нишондани авҷи эҳсосот хидмат карда метавонад ва онҳо бояд рӯи муборизаи мусаллаҳона тамаркуз кунанд.

XS
SM
MD
LG