Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талафоти нави Толибон дар Афғонистон


Вазорати дифоъи Афғонистон мегуяд, рӯзи шанбе неруҳои НАТО ва Афғонистон дар як амалиёти муштараки ҳавоӣ ва заминӣ дар вилояти Урузгон даҳҳо нафар тундравони Толибонро куштаанд. Вазорати дифоъ шумораи дақиқи кушташудагонро эълон накардааст. Рӯзи шанбе ҳамчунин дар вилояти Қандаҳор ду сарбози неруҳои зери фармондеҳии Амрико ҳангоми бархурд бо бами сари роҳ кушта шуданд. Дар бораи миллияти онҳо маълумот дода нашудааст.

XS
SM
MD
LG