Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пелосӣ саркӯбшавии тазоҳуроти Тибетро маҳкум кард


Ненси Пелосӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост, ки аз сӯи мақомоти Чин саркӯб шудани тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Тибет ва чанд устони дигари кишварро маҳкум кунанд. Имрӯз хонум Пелосӣ дар Ҳиндустон бо Далай Лама, раҳбари рӯҳонии Тибет дидору гуфтугӯ дошт. Ӯ нахустин мақоми олирубтаи хориҷист, ки баъди ҳаводиси Тибет бо Далай Лама мулоқот кардааст.

Хонум Пелосӣ дар як суханронӣ дар ҷамъи мардуми аз Тибет фироркарда дифоъ аз ҳуқуқи онҳоро бо қарзи виҷдон марбут кард.

XS
SM
MD
LG