Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Покистон рӯзи 24 март ҷамъ мешавад


Иҷлосияи навбатии парлумоин Покистон бо дастури президент Парвиз Мушарраф рӯзи душанбе, 24 март баргузор хоҳад шуд. Қарор аст, дар ин иҷлосия вакилон ба интихоби сарвазири ояндаи Покистон бипардозанд.

Дар интихоботи парлумонии моҳи феврал аксарияти курсиҳои Маҷлисро мухолифини президент Мушарраф ба даст оварданд. Интизор меравад, раҳбарии кобинаи ояндаи вазиронро, ки эътилофӣ хоҳад буд, ҳизби мардумии марҳум Беназир Бҳутто бар ӯҳда бигирад.

XS
SM
MD
LG