Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи мухолифин - дар раъси парлумони Покистон


Дирӯз барои аввалин бор дар Покистон зан раиси порлyмон интихоб шуд. Фаҳмида Мирзо ба тиҷорат шуғл дошта, ва се дафъа ба намояндагӣ аз ҳизби мардумии марҳума Беназир Бҳутто вакили порлyмон интихоб шудааст.

Интихоботи парлумонии Покистон дар моҳи феврал бо пирӯзии аҳзоби мухолифи раисиҷумҳур Парвиз Мушарраф анҷом ёфт ва ду ҳизби умдаи мухолифин, ба раҳбарии ҳизби мардумии марҳум Беназир Бҳутто, ба хотири касби аксарият дар парлумон ва ташкили кобинаи ояндаи вазирони Покистон ташкили эътилоф кардаанд.
XS
SM
MD
LG