Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Ҳюман Райтс Вотч аз Чин


Созмони Дидабони ҳуқуқи башар – Ҳюман Райтс Вотч аз Чин даъват кард, ба нозирони мустақил иҷозаи аёдати афроди боздоштшуда дар ҷараёни ошӯбҳои Тибетро бидиҳад. Ин созмони мақараш дар Ню-Йорк мегӯяд, бар асоси хабарҳои тасдиқношуда, дар Тибет садҳо нафар боздошт шудаанд.

Ҳюман Райтс Вотч гуфт, собиқаи мустанади шиканҷаи фаъолони сиёсӣ аз сӯи мақомоти амниятии Чин худ далел аст, ки кас дар бораи амнияти он боздоштшудагон фикр кунад.

Хабаргузории давлатии Чин, Синхуа, мегӯяд, пулис 105 нафарро бо иттиҳоми ширкат дар эътирозҳо дар пойтахти Тибет, шаҳри Лҳаса боздошт кардааст.

Ҳукумати дар ғурбат будаи Тибет ҷамъи кушташудагон дар асари ошӯбҳои Тибетро ҳудуди 100 нафар ҳисоб кардааст.

Аммо мақомоти Чин ҳалокати танҳо 13 нафар дар ҷараёни ошӯбҳои Тибетро тасдиқ кардаанд.

XS
SM
MD
LG