Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Чин Далай Ламаро масъули нооромиҳо номид


Сарвазири Чин Вен Ҷиабао раҳбари рӯҳонии буддоиҳои Тибет Далай Ламаро мавриди интиқод қарор дод.
Аснои сӯҳбат бо рӯзноманигорон дар шаҳри Пекин Вен гуфт, иттиҳоми Далай Лама дар мавриди ҷой доштани "табъизи фарҳангӣ" дар Тибет дурӯғи маҳз аст.
Вен ҳамчунин иброз дошт, ки дар хушунатҳои ҳафтаи гузашта иғвоангезии Далай Лама саҳм дорад. Сарвазири Чин афзуд, ки эътирозгарон мехостанд омодагиҳои Пекин ба бозиҳои олимпии моҳи августро барҳам зананд.
Сухангӯи Далай ЛамаТензинТаклҳа дар шаҳри Дҳарамсалаи Ҳиндустон иброз дошт, ки айбномаи мақомоти Чин дар бораи ташкили нооромиҳо асосе надорад.
Эътирози Лҳаса 10-уми март ба муносибати 49-умин солгарди ошӯби тибетиҳо бар зидди ҳукми коммунистони Чин барпо шуда буд.
Мақомоти Чин мегӯянд, бар асари хушунатҳои ҳафтаи гузашта дар шаҳри Лҳаса: маркази Тибет, камаш 13 нафар ба ҳалокат расиданд. Вале муҳоҷирони тибетӣ таъкид менамоянд, ки ҳангоми таъқиби гирдиҳамоии тибетиҳо дар Лҳаса камаш 80 кас ба қатл расиданд.
То ҳол манбаъҳои мустақил дар бораи шумораи қурбониҳои хушунат дар Тибет иттилоъ надодаанд.
XS
SM
MD
LG