Ҳайъатҳои Юнону Мақдуния натавонистаанд, барои Мақдуния як номи расмие пайдо кунанд, ки барои ҳарду ҷониб қобили қабул бошад.
Аммо қарор шуда, ки даври навбатии музокироти ин мавзӯъ ҳафтаи оянда дар Ню-Йорк доир шавад.
Метю Ниметс, фиристодаи СММ дар ин музокирот гуфт, ӯ нисбат ба имкони дарёфти роҳи ҳалли масъала хушбин ҳаст.
Мақдуния ҳамноми як вилоят дар шимоли Юнон аст ва ҷониби Юнон тарс дорад, ки агар ин кишвари ҳамҷаворашро зери исми Мақдуния бишиносад, он ба маънии эътирофи таарузоти он кишвар ба қисме аз қаламрави Юнон талаққӣ хоҳад шуд. Ба ин далел, Юнон таҳдид кардааст, ки моҳи апрел дар нишасти паймони низомии НАТО дар Бухарест монеъи пайвастани Мақдуния ба ин созмон хоҳад шуд.