Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Авоқиби ошӯбҳо дар Митровитса


Дар ҷараёни хушунатҳои дирӯза дар шаҳри умдатан сербнишини Митровитса, дар шимоли Косово даҳҳо тан аз ҳайъати пулиси байналмилалӣ ва нирӯҳои байналмилалии таъмини сулҳ ҷароҳат бардоштаанд. Ин хушунатҳо хунинтарин хушунатҳо дар Косово дар пайи эълони истиқлолияти ин сарзамин аз Сербистон дониста мешаванд.

Ошӯбҳо вақте ба вуқӯъ пайвастанд, ки нирӯҳои пулиси СММ талош карданд, сохтмони додгоҳро, ки қозиёни собиқаш 3 рӯз пеш тасарруф карда буданд, озод кунанд.

Варшава мегӯяд, дар ин ошӯбҳо 27 пулиси лаҳистонӣ захмӣ шудаанд. Киев шумори сарбозони украинии захмишуда дар ҷараёни ошӯбҳои Митровитсаро 14 нафар ҳисоб кардааст.

XS
SM
MD
LG