Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати попи Рум ба хатми хушунатҳо дар Ироқ


Чанд рӯз баъд аз кашфи ҷасади асқафи аъзами калисои католикии Калдеон дар шаҳри Мувсили Ироқ, попи Рум Бенедикти 16 ба хати хушунатҳо дар он кишвари ҷангзада даъват кард. Попи Рум дирӯз дар рӯзи Якшанбеи Зайтун, яке аз идҳои муҳим дар арафаи Иди Пок, дар баробари издиҳоми ҳазорон зоири гирдомада дар Ватикан ба хатми хушунат дар Ироқ даъват кардааст.

Ҷасади Паулос Фараҷ Раҳҳо, асқафи аъзами калисои Калдеон дар Мувсил рӯзи сешанбеи гузашта, баъди ду ҳафтаи рабуда шуданаш тавассути афроди мусаллаҳ, кашф шуд.

XS
SM
MD
LG