Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурӯпошии эътилофи ҳоким дар Мақдуния


Хуруҷи бузургтарин ҳизби сиёсии албанитаборони Мақдуния аз эътилофи ҳоким дар ин кишвар ҳукумати феълии Мақдунияро ба бӯҳрони сиёсӣ рӯбарӯ кардааст.

Мендуҳ Тоҷӣ, раҳбари Ҳизби демократи албаниҳо гуфт, қарори хуруҷи онҳо аз эътилофи ҳоким қарори ниҳоист. Иллати хуруҷи албанитаборон талаботи онҳо дар бораи истифодаи бештар аз забон ва парчами албанӣ ва ҳам эътирофи билофосилаи истиқлолияти Косово будааст.

Сарвазири Мақдуния Никола Груевский акнун маҷбур ҳаст, ё эътилофи нав ташкил диҳад ва ё аз парлумон ҳимоят аз кобинаи ақалияташро тақозо кунад.

XS
SM
MD
LG