Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cанаи интихоботи нави Сербия эълон шуд


Президенти Сербия, Борис Тадич, имрӯз порлумони кишварашро пароканда ва санаи интихоботи навро ба 11-уми май эълон кард. Ин иқдоме буд, пас аз фурӯпошии ҳукумати эътилофии сарвазир Войитслав Коштунитса, ки рӯзи шанбе ҷудоии аъзои он дар масъалаи Косоворо монеъаи идомаи кор номид. Коштунитса ва тарафдорони ӯ ҳампаймонҳои ғарбгарои хешро ба қатъи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва гуфтушунидҳои узвияти Сербия дар ин иттиҳод моил карда натавонистанд. Чунин руҳия дар ҳукумати барканоршуда зимни пуштибонии бархе аз кишварҳои Аврупо аз эълони истиқлолияти Косово ба миён омада буд.
XS
SM
MD
LG