Гузориши солонаи вазорати хориҷаи Амрико ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон низ пардохта, менависад, вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар дар соли 2007 ҳамчунон бад боқӣ монда, ва фасод садди роҳи ислоҳоти демократӣ ва иҷтимоӣ шудааст.
Гузориш мегӯяд, Тоҷикистон кишвари авторитарӣ буда, ҳаёти сиёсиаш таҳти таъсири президент Эмомалӣ Раҳмон ва доираи маҳдуди тарафдорони содиқи ӯ қарор дорад.
Гузориш мегӯяд, нирӯҳои амниятӣ дар қиболи боздоштшудагон аз шиканҷа ва анвоъи дигари бадрафторӣ кор мебаранд, вазъ дар зиндонҳо ба саломати маҳбусин таҳдид мекунад ва дар бисёр маворид зиндониён ба мулоқот бо пайвандон ва вакилони мудофеъи худ дастрасӣ надоранд.