Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қимати гази Осиёи Марказӣ боло хоҳад рафт


Ширкати “Газпром”-и Русия гуфт, Қазоқистон, Туркманистон ва Узбакистон, 3 кишвари соҳиби манобеъи саршори гази Осиёи Марказӣ аҳд кардаанд, аз соли оянда гази худро тибқи нархҳои Аврупо ба фурӯш бигузоранд. Ин тааҳҳуд дар ҷараёни музокироти онҳо дар Маскав ҳосил шудааст.

Ин 3 кишвар дар солҳои гузашта гази худро ба ширкати “Газпром” бо нархи арзонтар аз қимати газ дар Аврупо мефурӯхтанд ва тасмими ахири онҳо метавонад мунҷар ба афзоиши бештари нархи газ дар бозорҳои Аврупо шавад.

XS
SM
MD
LG