Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фиристодаи Русия дар НАТО ҳушдор медиҳад


Сафири Русия дар НАТО имрӯз ҳушдор дод, ки дар сурате, ки Гурҷистон ишораеро ба манзури омодагӣ ба узвияти ин паймони низомӣ дарёфт кунад, ҳамон лаҳза ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳ ба иҷрои барномаҳои худ оғоз хоҳанд кард. Ба саволи ин ки оё Русия истиқлолияти Абхазистону Осетияи Ҷанубиро эътироф хоҳад кард, Дмитрий Рогозин гуфт, ки дар баробари Маскав ҳеҷ далеле барои ҷилавгирӣ аз ин иқдом вуҷуд надорад. Ду минтақа, ки амалан аз соли 1990 ба таври мустақилона ба сар мебаранд, баъди эълони истиқлолияти Косово дар моҳи гузашта талошҳои худро барои ҷудо шудан аз ҳайати Гурҷистон суръат бахшиданд.

XS
SM
MD
LG