Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин фиристодаи Амрико дар конфаронси исломӣ


Амрико эълон кард, ки барои нахустин бор фиристодаи хосашро ба Конфаронси кишварҳои исломӣ мефиристад. Конфаронси кишварҳои исломӣ бузургтарин созмони байналмилалии кишварҳои мусалмон буда, 57 кишварро муттаҳид мекунад.

Ба мақоми фиристодаи хоси Амрико дар ин созмон Сада Қамбар, як тоҷири покистониюласл, ки то таъйиноташ ба ин мақом дар аёлати Тексас мезист, таъйин шудааст. Вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс ирсоли фиристодаи хос ба Конфаронси кишварҳои исломиро ҷузъе аз талошҳои Амрико ба сӯи ҳамоиши бештар бо ҷаҳони Ислом хондааст.

Қарор аст, Сада Қамбар дар нишасти сарони кишварҳои узви ин Конфаронс, ки дар ҳафтаи равон дар Сенегал ифтитоҳ мешавад, ширкат биварзад.
XS
SM
MD
LG