Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Лаҳистон пешниҳоди кӯмаки низомӣ кард


Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш дар пайи мулоқоташ бо сарвазири Лаҳистон ё худ Полша Доналд Туск гуфт, Амрико дар чаҳорчӯби барномаи истиқрори сипари ҷадиди зиддимушакиаш дар қаламрави он кишвар ба навсозии нирӯҳои мусаллаҳи Лаҳистон кӯмак хоҳад кард.

Давлати Доналд Туск дар ивази истиқрори ин маҷмӯъаи иборат аз 10 сипар аз Амрико кӯмакҳои низомӣ хоста буд.

Ҷузъиёти тавофуқи бадастомада эълон нашудааст, вале ҳам Буш ва ҳам Туск гуфтаанд, ки қарордоди ниҳоӣ дар ин масъала ҳанӯз ба даст наомадааст.

Барномаи истиқрори сипарҳои зиддимушакӣ дар Лаҳистон ва Чехия ба мухолифати шадиди Русия рӯбарӯ шудааст.

XS
SM
MD
LG