Мақомоти расмии Эрон, ки аксари онон аз ҷиноҳи муҳофизакоранд, ҳамчунин умед доранд, ки ширкати мардум дар ин интихобот бештар хоҳад буд. Оё воқеъан ҳам ҳамин тавр аст? Ҳасан Ҷаъфарӣ - таҳлилгари умури интихоботии Эрон дар бахши Фардои радиои Оодӣ дар ин бора чунин мегуяд:
"Душвор аст, ки аз ҳамин ҳоло мизони мушорикати мардумро дар интихобот пешбинӣ кунем. Ба сурати суннатӣ дар Ҷумҳурии Исломӣ шуморе аз мардум дар шаҳрҳои кучактар ё рустоҳо пои сандуқҳои райъ мераванд, то алоқаҳои хонаводаӣ ё қабилаии худро нишон диҳанд. Дар шаҳрҳои бузург масъала каме сиёситар аст".
Яке аз масъалаҳои муҳим дар интихоботи кунунӣ рақобатҳои интихоботӣ ё мухолифати муҳофизакорон бо ислоҳталабон дар Эрон аст, ки акнун вориди марҳалаи шадид шудааст. Ислоҳталабон дар зарфи ду моҳи корзори интихоботӣ ба маҳдудияти зиёд ру ба ру шуданд. Шурои Нигаҳбон иҷоза надод намояндагони бонуфузи онҳо дар ин интихобот ширкат ҷуянд. Ҳафт ҳазору 500 нафар барои ширкат дар интихобот сабти ном шуданд. Вале 2 ҳазор нафари онҳо радди салоҳият шуданд, яъне Шурои Нигаҳбон иҷоза надод, ки онҳо дар интихобот ширкат ҷуянд. Аксари ононе, ки радди алоҳият шуданд, намояндагони нируҳои ислоҳталаб буданд. Ба ин далел, баъид ба назар мерасад, ки ислоҳталабон дар интихоботи кунунӣ низ битавонанд аксари курсиҳоро дар порламон ба даст оранд. Оқои Ҷаъфарӣ дар бораи сабаби роҳ надодани намояндагони ислоҳталаб ба интихобот чунин назар дорад:
"Он чӣ, ки Шурои Нигаҳбон ва мақомоти вазорати дохила эълон мекунанд, тибқи қонун ва мавозини интихоботӣ будааст. Аммо он чӣ ки худи ислоҳталабон мегуянд, аксари ин ду ҳазор, ки ради салоҳият шудаанд, аз чеҳраҳои ислоҳталаб будаанд ва далеле надошта ба ҷуз андеша ва орову афкори онҳо".
Ислоҳталабон баъд аз интихоботи соли 2000-уми порламонӣ аксари ороро ба даст оварда буданд. Вале дар интихоботи пешӣ, яъне дар соли 2004 онҳо навъе интихоботро ба муҳофизакорон бохтанд. Интихоботи кунунии порламонии Эрон тағироти муҳиме ба бор нахоҳад овард, вале аз он нуқтаи назар муҳим аст, ки баъд аз 15 моҳи дигар дар соли 2009 интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад ва ин интихобот навъе далели сафороии нируҳои ислоҳталабон ва муҳофизакорон дар солҳои раёсати ҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинежод хоҳад буд.
Ҳудуди се соли пеш, вақте, ки Маҳмуди Аҳмадинежод ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ расид, бо мардум дар бораи беҳбуди вазъи иқтисодӣ суҳбат мекард. Вале имруз вазъ дигар аст. Мардум аз гаронии нархҳо ва таваррум суҳбат мекунанд. мардум дар остонаи Соли Нав ё Навруз аз мағоза ба мағоза мераванд ва эҳсос мекунанд, ки бо чунин нархҳо тавони хариди молҳову колоҳои хости худро надоранд. Бино ба навиштаи хабаргузориҳо, бо чунин вазъ баъзе аз онҳо ҳатто вақти баргузории интихоборо намедонанд.
Нархҳо дар 12 моҳи ахир дар Эрон бештар аз 19 дарсад боло рафатааст. Як соли пеш ҳам болоравии нархҳо 12 дарсадро ташкил дода буд.