Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи баъзе аз кишварҳои мусалмоннишин ва мушкили исломситезӣ дар Ғарб аз масоили мубрами нишасти раҳбарони OIC хоҳад буд.

Имрӯз, 10 март вузарои умури берунаи кишварҳои узви Созмони конфронси исломӣ дар шаҳри Дакари Сенегол ҷамъ омада, ва мӯҳтавои нишасти раҳбарони кишварҳои узви Созмонро дақиқ хоҳанд кард.

Нишасти раҳбарон дар таърихи 13-14 март ба нақша гирифта шудааст. Дар ин нишаст ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок хоҳад кард. Суханронии ӯ низ дар ин нишаст дар назар будааст.

Аммо сафари африқоии раисҷумҳури Тоҷикистон аз Алҷазоир оғоз меёбад. Имрӯз, 10 март, Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми ин сафари расмӣ ба Алҷазира парвоз намуд.

Ӯ дар он ҷо бо ҳамтои алҷазоирияш Абдулазиз Бутафлиқа мулоқот мекунад ва дар ин мулоқот, бино бар ахбори хабаргузориҳо, дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба матраҳ шуда, ҳамчунин, дар мавриди як силсила масоили байнулмилалӣ ва минтақаӣ табодули назар хоҳад шуд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG