Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8-уми март ва занону сиёсат


Ҳанӯз ҳам Беназир Бҳуто ҳатто аз тарафи давлатмардон ҳамчун сиёсатмадори барҷаста шинохта мешавад
Ҳанӯз ҳам Беназир Бҳуто ҳатто аз тарафи давлатмардон ҳамчун сиёсатмадори барҷаста шинохта мешавад

8-уми марти соли 1908-ум 15000 зани амрикоӣ бо тақозои рӯзи кории кӯтоҳтар, маоши бештар ва ҳаққи овоздиҳӣ дар Ню-Йорки ИМА раҳпаймоӣ намуданд.

Баъди ду сол 8-уми март ҳамчун Рӯзи байнулмилалии занон эътироф шуд.
Аммо аввалин кишвари олам, ки ба занон ҳаққи овоздиҳӣ ва интихоб ба мансабҳои сиёсиро тақдим намуд, Финлонд буд, ки соли 1906-ум қарореро дар ин бора ба тасвиб расондааст.
Ҷои ёдоварист, ки дар Зеландияи нав занон ҳанӯз соли 1893 ҳаққи овоздиҳиро ба даст оварда буданд. Дар сад соли гузашта 50 зан раҳбарии кишварҳои оламро бар дӯш доштаанд. Аввалин зан раҳбари кишварҳои муосир Суҳбаатарин Янҷмаа буд, ки соли 1953 муддате раёсати Муғулистонро бар уҳда дошт.
Соли 2006-ум Элен Ҷонсон Сирлиф савганди раёсатҷумҳурии Либериёро ёд кард. Ӯ аввалин зан-президенти як кишвар дар Африқо мебошад. Дар Осиё аввалин зани раисҷумҳур Коразон Акино буд, ки баъди куштори шавҳараш Бенинйо Акино соли 1986 президенти Филипин интихоб шуд. Ҳамин гуна дар Аргентина ҳам Мария Эстелла Мартинез де Перон баъди марги шавҳараш ба курсии президент нишаст. Соли 1976 низомиён бар асари як табадулот ӯро барканор намуданд, вале мардуми Аргентина то ҳол раёсатҷумҳурии ин занро ба некӣ ёд мекунанд.
Индира Гандӣ ду дафъа сарвазири Ҳиндустон интихоб шуд, вале соли 1984 дар натиҷаи як суиқасд ба ҳалокат расид.
Занони мусулмон Тансу Чиллер дар Туркия ва Холида Зиё дар Бангладеш вазифаи сарвазирро, ки дар мамолики ёдшуда ба раҳбари давлат мусовӣ мебошад, иҷро кардаанд. Зани дигари осиёӣ Беназир Бҳутто имкон дошт, бори севум ба курсии сарвазири Покистон нишинад, вале ӯ охири соли гузашта дар натиҷаи бомбгузорӣ кушта шуд.
Аҳли олам давраҳои раҳбарии Голда Мейир дар Исроил дар Маргарет Тетчер дар Британияро ба хубӣ дар ёд доранд.
Хонум Гро Ҳарлем Брунтланд, ки се дафъа сарвазири Норвеж ва баъдан раҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт буд, дар бораи раҳбарии муваффақи занон гуфтааст, вақте зиёфат ба поён мерасаду мардон пароканда мешаванд, занон барои поккорӣ сафарбар мешаванд. Иди шумо муборак, занон муҳтарам!
XS
SM
MD
LG