Давлати Финлонд имрӯз Косоворо ба ҳайси як кишвари мустақил эътироф кард. Раиси ҷумҳури Финлонд Тарҷа Ҳалонен дастури ҳукумат барои ба роҳ мондани равобити дипломатӣ бо Косоворо тасвиб кардааст. Косово 17 феврали соли равон худро аз Сербистон ҷудо ва як кишвари мустақил эълом кард.