Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юшенко - дар Тоҷикистон


Субҳи имрӯз дар Душанбе мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои укроиниаш Виктор Юшенко дар назар аст. Раиси ҷумҳури Укроин шоми дирӯз вориди Душанбе шуд. Қарор аст, дар пайи нишасти ҳайъатҳои ҳукумати ин ду кишвар силсилаи қарордодҳои байниҳукуматӣ ба имзо бирасад. Яке аз санадҳои муҳимме, ки ба тасвиб мерасад, Тарҳи амалиёти муштарак оид ба рушди равобити миёни ду кишвар дар солҳои 2008-2009-ум аст. Ҷонибҳо ҳамчунин созишномаҳои марбут ба ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоӣ ва истирдоди ҷинояткорон ба кишварҳои ҳамдигарро имзо хоҳанд кард. Пас аз баргузории нишасти хабарии Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Юшенко, онҳо аз нерӯгоҳи барқи обии Норак дидан хоҳанд кард. Раисиҷумҳури Украина шоми имрӯз, 7-уми март ба Киев бар хоҳад гашт.

XS
SM
MD
LG