Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азсаргирии талошҳои Абхазистон барои истиқлолият


Абхазистон - минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон мегӯяд, ки дубора талошҳояшро барои дарёфти эътибори байналмилалии истиқлолияти ин минтақа аз сар хоҳад гирифт. Гурам Гумба, раиси Кумитаи равобити байналмилалии парлумони Абхазистон гуфт, ки маҷлиси ин минтақа ният дорад қатъномаеро ба манзури дархости эътирофи расмии худ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ва эҷоди равобити расмӣ бо ин минтақа қабул хоҳад кард. Рӯзи чоршанбе минтақаи дигари ҷудоихоҳ - Осетияи Ҷанубӣ айнан бо чунин изҳорот садо баланд кард. Баъди эъломи истиқлолияти Косово Русия ва дигар мақомот ҳушдор доданд, ки ин таҳаввулот ҳаракатҳои ҷудоихоҳи дигарро дар саросари ҷаҳон дубора бедор мекунад. Дар оғози солҳои 1990 ҳарду минтақа - Осетияи Ҷанубиву Абхазистон амалан аз ҳайати Гурҷистон ҷудо шуданд, аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқлолияти онҳоро ба расмият шинохтанӣ нест.
XS
SM
MD
LG