Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ватикан ва мусулмонон анҷуман ташкил мекунанд


Имрӯз Ватикан ва пешвоёни мусулмон ризоят доданд, ки бо ҳадафи беҳбуди равобити миёни ду дин муколамаи муназзами расмӣ барпо намоянд.
Дар изҳороти муштарак таъкид шудааст, ки аввалин нишасти "Анҷумани католикҳову мусулмонон" 4-6-уми ноябр дар пойтахти Италия доир шуда, дар он 24 раҳбари мазҳабӣ аз ҳар тараф ширкат меварзанд. Дар ин нишаст Поп Бенедикти XVI бо паёме ба ширкаткунандагони анҷуман муроҷиат мекунад. Ин эълон дар паи мулоқоти дурӯзаи раҳбарони католик ба мусулмон интишор гашт.
XS
SM
MD
LG