Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс хостори идомаи музокироти Ховари Миёна шуд


Маҳмуди Аббос, раҳбари ташкилоти худгардони Фалстин имрӯз гуфт, ки сулҳ ва идомаи музокирот - интихоби мардуми Фаластин аст. Баъд аз музоирот бо Кондализа Райс, Котиби давлатии Амрико дар Каронаи бохтарии Руди Урдун, Маҳмуди Аббос аз Исроил даъват кард, ки ба таҷовуз болои Фаластин хотима гузорад.

Кондализа Райс дар чаҳорчӯби сафараш ба Ховари Миёна имрӯз вориди Исроил шуд ва аз Каронаи бохтарии руди Урдун ҳам дидан кард. Қабл аз ин дар як нишасти хабарӣ дар Қоҳира хонум Райс гуфт, ки шонси имзои сулҳи Исроил ва Фаластин то охири сол ҳанӯз боқӣ мондааст. Мақомоти ташкилоти худгардони Фаластин ба нишони эътироз алайҳи амалиёти низомии Исроил дар навори Ғаза, ки бар асари он беш аз 100 фаластиниҳо кушта шуданд, аз идомаи музокирот бо Тел-Авив сарпечӣ карданд.

Сафари хонум Райс ба Ховари Миёна аз Қоҳира шурӯъ шуд ва имрӯз ӯ бо раиси ҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак ҳам музокирот анҷом дода буд.

XS
SM
MD
LG